понедельник, 18 октября 2010 г.

Фоли ман бигир

Биёву фоли ман бигир
Ба чашми қаҳвайи ту ҳоли ман бигир
Маро бубар ба нокучо, зи хеш берунам бикун
Биафганам ба деги асли худ, нишони қилу қоли ман бигир
Биё, бигу ки ман чаро ба ин диёр омадам
Суроғи посухи саволи ман бигир
Раҳи уболи ман бигир

вторник, 14 сентября 2010 г.

Болида биё

Хандида биё
Эй нури дилу дида, биё
Оғуши маро зи ишқу мастй пур кун
Бар хилвати ман чу нури маҳ наҳифу ларзида биё.
Аз қолабу қоби қилу қол берун шав
Дар бехудй печида биё
Болида биё!

вторник, 31 августа 2010 г.

Меъроч

Сапедаро салом
Маҳи зи раҳ расидаро салом
Умеди ҳай шудан, навиди растани башар
Тулуи рузи растахез ва субҳи навдамидаро салом
Зи нури ояҳо ба коиноти синаҳо
Азизи чону дидаро салом
Падидаро салом

пятница, 2 июля 2010 г.

Кош ...

Кош шабнам будаме
Бо лабони гунча хамдам будаме
Мегирифтам бусахо аз гунаи бобунахо
Руи боли шахпаракхо,руи барги нарми марям будаме.
Мепаридам дар рикоби абрхои нукрайи
Махви хусни чумла олам будаме,
Шоду бегам будаме
******
Майхона маст мешавад
Дар дасти у паймона маст мешавад
Чу мерасад ба хонаи дилҳои ошиқони ишқ
Девору бурчи хона маст мешавад
Кошона маст мешавад.
*******
Чоми Чам лабрез шуд,
Рустами Дастон зи чо нимхез шуд,
Ибни Синo дар Бухоро набзи беморе гирифт
Нолаи най шуд баланд,чун ҳалқаҳо дар гушҳо овез шуд.
Ҳофизи Шерозу Саъдй масти ашъори Камол
Лаҳзае қалби замон Табриз шуд
Кафши ман Шабдиз шуд

среда, 30 июня 2010 г.

Гиряхо...



Гиряхо ханда шуданд
Ашкхо ахтари рахшанда шуданд.
Чини пешонй уту шуд зи насими нигахат
Харчй ожанг ба рухсору чабин буд, хама ранда шуданд.
Оре, оре зи кадамхои Ту дар олами дил
Хама ормон зи нав зинда шуданд,
Махи тобанда шуданд.
Cигор ба лаб гирифт,
Паноҳ миёни боғи шаб гирифт.
Раҳо намуда ҳалқа - ҳалқа дуд ба осмон
Ту гуйи дар ҳисори дуд раҳо бишуд ва сузу таб гирифт.
Магар гунохи у чй будаву чй шуд, инчунин
Зи довари замон адаб гирифт?
Дурй аз тараб гирифт?

понедельник, 21 июня 2010 г.

Шеърам зулол шуд



Шеърам зулол шуд

Ҳар сатру ҳарфу вожа бол шуд

Марзи замону фосила дар ҳам шикасту рафт

Ишқам ба мулки дил фаъол шуд

Ҳачрам висол шуд

Шайтон



Шайтон
Расида буд
То шайтанат кунад
Манро зи роҳи мустақим
Осон ба доми ғафлат афканд.
Ё Раб, биҳй настаъин
То бори чандумин
Иблис шавад
Рачим

Зулолро дуруд




Зулолро дуруд

Ба аҳли дил, камолро дуруд

Чаҳони шоирй сафои дигаре гиирфт

Ба руҳи шеъри порсй, нумуи болро дуруд

Кунун уручи тоза мекунад ба Каҳкашон фасоҳати каломи мо

Қасида, маснавй, ғазал...бигу, ки аҳли ҳолро дуруд

Ва нойи Мавлавй навои дигаре гирифт

Ки Шамси безаволро дуруд

Зулолро дуруд

воскресенье, 20 июня 2010 г.

Зулоли андеша



Дар сарам андешахо
Хамнавойи бо хати хампешахо
Маслаки моро зи мо дуздидаанд бемаслакон
Оташе афканда андар бешахо
Ман ба фикри решахо